Ба навиштаи сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ғании табиӣ, бахусус манбаъҳои тавлиди “энергияи сабз” мебошад. Истифодаи самараноки ин иқтидор ба мо имкон медиҳад, ки дар “рушди сабзи” минтақа саҳми арзанда гузорем//Президенти кишвар изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар баробари захираву имконоти худ барои фаъолияти муваффақи сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.
Ҷорӣ намудани низоми якҷонибаи бераводид барои шаҳрвандони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Олмон, барои будубош дар Тоҷикистон ба муҳлати то 30 рӯз яке аз омилҳои дигари мусоиди ҳамкорӣ маънидод гардид.
Дар фароварди суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз фурсат иштирокдорони форумро ба ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаи “рушди сабз” даъват намуданд.
342/